ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Бидуни дастгирию таъминот нерӯҳои Украина водор ба ақибнишинӣ хоҳанд шуд, изҳор дошт президенти кишвар, Владимир Зеленский.
Вай дар суҳбат бо расонаҳои ғарбӣ заъфи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва эҳтимоли ақибнишиниро эътироф кард.
"Тамаркуз ба Ховари Миёна ва дигар сабабҳо боиси заиф шудани таъминот ба Украина шуданд. Бе дастгирӣ мо ақиб мемонем", - овардааст Bloomberg аз қавли ӯ.
Таъкид шудаст, ки Киев махсусан дучори норасоии шадиди мушакҳои 155-мм шудааст.
Ахиран The Wall Street Journal зери сарлавҳаи "Вақти он расидааст, ки хаёлбофӣ дар бораи шикасти Русияро бас кунем" матлабе навиштааст, ки суқути Киев ва эътилофи ғарбиро дар майдони ҷанг пешгӯӣ мекунад.
Дар матлаб гуфта мешавад, ки ҳамлаи ҷавобии Украина ноком шуда, дар хатти ҷабҳа нишоне аз шикасти Русия дида намешавад ва иқтисоди Русия хароб нашудаву мардум ҳамоно пуштибонии сиёсати ҷорӣ ҳастанд.
Рӯзнома инчунин қайд мекунад, ки корхонаҳои дифои Русия ҳаҷми истеҳсоли худро афзоиш медиҳанд, Чин ва Ҳиндустон ба иқтисоди Русия кӯмак мекунанд ва Путинро "дар қисматҳои гуногуни ҷаҳон" дастгирӣ мекунанд.