ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ба 10 мақоми холӣ дар ҳукумати Хоруғ кадрҳои нав таъйин шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, кадрҳои нав дар асоси хулосаи комиссияи озмун ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд.
Аз ҷумла дар асоси пешниҳоди раиси Хоруғ, Суриев Орзу Акрамбекович роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр таъйин гардид.
Зимни муаррифии кадрҳои навтаъин раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода таъкид кард, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд содиқонаву софдилона ба миллату давлат хизмат намояд.
Вай аз мақомдорҳои нав дархост намуд, ки зимни фаъолият дар вазифаҳояшон аз худ масъулияти бештарро баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ нишон диҳанд.
Дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд зиракиву ҳушёриро аз даст надода, ҳимояи манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузоранд, афзуд ӯ.
Қаблан шаҳрдории Хоруғ барои ишғоли ҷойи холӣ дар сохторҳои мухталифи шаҳр озмун эълон карда буд.