ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ азмашонро барои фароҳам кардани шароити рушди ҳамкориҳои бисёрсамтаи стратегӣ, аз ҷумла дар бахши амнияту суботи минтақа баён доштанд.
Ин нукта дар мулоқоти вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар Маскав таъкид гардид.
Ба иттилои ВУХ Русия, дар ин мулоқот, ки сафири Тоҷикистон, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ иштирок дошт, ҳамкории Маскав бо ҳар давлати Осиёи Миёна баланд арзёбӣ шуд.
Ба ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла , аз ҷумла ИДМ, ИИАО, СААД, СҲШ баҳои ҳамаҷониба дода шуд.
Ҷонибҳо устувории муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши муомилоти мол, робитаҳои зич дар бахши илму маориф ва маданию гуманитариро бо камоли қаноатмандй таъкид намуданд.
Дар алоҳидагӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар формати Осиёи Миёна 5+Русия ва татбиқи натиҷаҳои нишасти аввали сарони кишварҳои он, ки 14 октябри соли 2022 дар Остона баргузор шуд, баррасӣ шуд.
Рушди ҳамкориҳои илмию амалӣ дар соҳаи истифодаи об ва ҳалли проблемаҳои экологии ҳавзаи Арал аз мавзуъҳои меҳварии дигари мулоқот буд.