Раҳмон ба Маскав меравад

Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 21-22 ноябр аз Русия боздид намуда, бо президенти Русия Владимир Путин дидору мулоқот хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябр бо як сафари расмӣ аз Русия боздид хоҳад кард, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.
"Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 21-22 ноябр бо як сафари расмӣ ба Маскав меравад", - иттилоъ дод манбаъ.
Ба гуфтаи Хадамоти матбуот, дар ҷараёни ин сафар кишвардори Тоҷикистон бо президенти Русия Владимир Путин дар шакли як ба як ва дар доираи васеи ҳайатҳо мулоқот хоҳад кард.
Қайд карда шудааст, ки дар пайи музокирот як бастаи санадҳо ба имзо хоҳад расид.
Рустами Эмомалӣ бо Матвиенко дар Бишкек дидор кард
Ёдовар мешавем, ки бори охир раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба 9 майи соли 2023 ба Русия омада, дар чорабиниҳои тантанавӣ ширкат карда буд.
Моҳи октябри соли 2023 Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Бишкек бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда буд. Роҳбарон рушди муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои амнияти минтақавиро, ки ба авзоъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон марбутанд, баррасӣ карданд.