ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Сергей Глазев, вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисоди Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъкид кард, ки ин санад чаҳор принсипи иқтисоди сабзро дар ИИАО муайян мекунад ва он барои иҷрои Стратегияи 2025 таҳия шудааст.
Чаҳор принсип аз ин иборат аст: шаффофият ва ҷолибияти ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сабз, табодули таҷрибаи пешқадами системаҳои миллии назорати иқлим байни кишварҳои узв, самаранокии иқтисодӣ, баланд бардоштани фарқияти байни рушди иқтисод ва таъсири антропогенӣ ба муҳити зист.
"Бори аввал дар сатҳи ИИАО консепсияи омодашуда маҷмӯи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалиро барои таснифи лоиҳаҳо ҳамчун иқтисоди сабз муайян мекунад. Истифодаи ин меъёрҳо ба ҳар як давлати иттиҳод имкон медиҳад, ки аз як тараф, мувозинати заруриро байни ҳифзи муҳити зист ва иқлим таъмин намояд ва аз тарафи дигар, ноил шудан ба ҳадафҳои миллии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ”, - қайд кард Сергей Глазев.
Татбиқи равишҳои умуми АвруОсиёӣ барои рушди иқтисоди сабз барои эътирофи мутақобилаи системаҳои миллии танзими муҳити зист ва истифода набурдани монеаҳои ба истилоҳ иқлим шароит фароҳам меорад.
"Равишҳои ҳамоҳангшуда ба табдилдиҳии иқтисоди сабз муҳимтарин, вале дар айни замон, танҳо марҳилаи аввали кори дарпешистода мебошанд", - хулоса кард Сергей Глазев.