ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Қирғизистон сафар мекунад.
Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шудааст.
Илова карда шудааст, ки сафар ба хотири иштирок дар ҷаласаи 56-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки дар кишвари ҳамсоя сурат мегирад, анҷом дода мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар рӯзи аввал ин чорабинӣ нишасти сарони парлумонҳои кишварҳои муштаракулманофеъ баргузор мешавад.
"Иштирокдорон масъалаҳои мубрами рӯзро баррасӣ намуда, натиҷаҳои чорабиниҳои соли 2023-ро ҷамъбаст хоҳанд кард ва дар бораи мониторинги маъракаҳои интихоботӣ дар фазои иттиҳод гузориш хоҳанд дод", - таъкид кардааст котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ.
Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар умури сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон дар навбати худ лоиҳаи консепсияи қонуни намунавии "Дар бораи таъминоти доруворӣ дар кишварҳои ИДМ"-ро баррасӣ намуда, меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва сиёсати муҳоҷиратро дар кишварҳои узви ИДМ баррасӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки баҳори соли 2022 шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба макони мулоқоти раҳбарони порлумонҳои кишварҳо табдил шуда, иҷлосияи тирамоҳӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор шуда буд.