ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дар 10 моҳи соли ҷорӣ 1515 кас бо ҷойи корӣ доимӣ, мавсимӣ ва муввақатӣ таъмин карда шуданд, ки аз онҳо 1 ҳазору 23 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Кушониён.
Сардори ин ниҳоди давлатӣ Комилҷон Муҳиддинов хабар додааст, ки дар ин давра ба шуъба 1909 корҷӯ муроҷиат ва ба қайд гирифта шуда, 1515 нафарашон бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Гуфта шуд, ки давоми 10 моҳи соли равон дар ноҳия 16 маротиба намоиши ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки 82 ташкилоту идора гузаронида шуда, 261 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин 300 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи малакаи касбӣ шуданд.
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба 247 нафар кумаакпулӣ дода шуда, ба 23 бекор барои рушди соҳибкорӣ 103 ҳазору 270 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.