Бузургтарин “доминои инсонӣ” дар Филиппин – видео

Истеҳсолкунандаи тушак тасмим гирифт, ки ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шавад ва роҳи аслии ба даст овардани онро пайдо кард
Sputnik
Наворро тамошо кунед, то бубинед, ки чӣ гуна ин ширкат тавонист рекорди ҷаҳониро тағйир диҳад.
Як ширкати тушакибарории Филиппин бузургтарин доминои инсониро дар ҷаҳон ба саҳна гузошт, ки 2355 кормандро дар бар гирифт.
Аксияи мазкур бахшида ба солгарди истеҳсолкунандаи матрасҳо баргузор шуд.
Давандаи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ рекорд гузошт
Ташкилкунандагони ин чорабинӣ ба истилоҳ "принсипи домино"-ро истифода бурданд - ҳамаи иштирокчиён бо матрасҳо паси як дигар саф кашида, пайдарпай ба болои шахсе, ки дар пасаш буд меафтиданд.
Намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес иҷрои рекордро дар видео сабт карданд.
Ва пас аз анҷоми флешмоб, истеҳсолкунанда тамоми матрасҳоро ба созмонҳои хайрия тақдим кард.