Буҷаи Тоҷикистон барои соли оянда 5,9 млрд сомонӣ зиёд хоҳад шуд

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли равон 5,9 млрд сомонӣ ё 15,9 фоиз зиёд мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатиаш лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024" қабул намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024" таъкид шуд, ки бо назардошти дар сатҳи 8% рушд ёфтани иқтисоди миллӣ ва дар ҳаҷми 143,9 млрд сомонӣ ташаккул ёфтани дурнамои Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2024 даромади Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 43 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қайд карда шудааст, ки ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли равон 5,9 млрд сомонӣ ё 15,9 фоиз зиёд мебошад ва нисбат ба ММД ба 29,8 фоиз баробар гардидааст.
Баҳси буҷа дар маҷлиси Ҳукумат: Раҳмон лоиҳаро маъқул донист
Хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 44,1 млрд сомонӣ бо афзоиши 6 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 дар ҳаҷми 18971,1 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки афзоиши он нисбат ба буҷети соли 2023-ум 2025,5 млн сомонӣ ё 43% ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дурнамои хароҷоти ин соҳаҳо ба 13,2 фоизи ММД баробар мебошад.
Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2024 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 15322,4 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он ба 10,6% ММД баробар мебошад.
Дар лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2024 касри буҷети ҷорӣ нисбат ба ММД 0,8% ё 1151,6 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.