ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё бо ташаббуси Тоқаев арзёбии таъсири интегратсия ба иқтисоди кишварҳои иттиҳодро ҷорӣ мекунад.
Дар ин бора Вазорати савдои Ҷумҳурии Қазоқистон хабар додааст.
Манбаъ афзуд, методе таҳия мешавад, ки имкон медиҳад самараи умумии ҳамгироӣ ҳисоб карда, саҳми савдои мутақобила, сармоягузорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ дар ММД муайян карда шавад.
"Комиссияи иқтисодии Авруосиё аз абзорҳои ҷадвалҳои воридоту содироти кишварҳо ва байнидавлатӣ истифода хоҳад кард", - қайд кард ин ниҳод.
Гуфта мешавад, ки бо истифода аз ин методология ИИАО метавонад таъсири умумии ҳамгироиро ба иқтисоди кишварҳои узви созмон ҳисоб кунад.
Методология инчунин имкон медиҳад, ки саҳми ММД аз нишондиҳандаҳои савдои мутақобилаи молу хизматҳо, сармоягузориҳои мутақобила ва муҳоҷирати захираҳои меҳнатӣ ҳисоб карда шавад, хабар медиҳад Вазорати савдо.
"Омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи "панҷгона"-и ИИАО дар оянда метавонад ҳангоми ҳисоби тавозуни байнисоҳавии миллӣ истифода шавад ва талабот ба методологияи баҳодиҳии рушди иқтисодиёти миллӣ ва умуман созмон дар умум истисно нест",- гуфта мешавад дар хабар.
Вазорат афзуд, ки методология ҳоло аз ҷониби коршиносони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мавриди баррасӣ қарор дорад ва онҳо ният доранд, ки то охири сол онро тасдиқ кунанд.