ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ин дафъа Арманистон ба ҳамтоёни худ дар СПАД дар нишасти қарибулвуқӯъи ин созмон дар Минск ҳамроҳ нахоҳад шуд.
Дар ин бора сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко зимни як сӯҳбати телефонӣ хабар дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати Арманистон.
"Масъалаҳои марбут ба ташкили ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД баррасӣ шуданд", - афзуд хадамоти матбуот.
Дар ҳамин ҳол Пашинян умедвор аст, ки кишварҳои дигари узви ин созмон ба ҳузур наёфтани ӯ бо фаҳмиш муносибат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки нахуствазири Арманистон қаблан аз нишасти Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дар Бишкек ширкат накарда буд.
Ба ҷои ӯ, муовини сарвазир Мгер Григорян барои намояндагӣ аз ҷумҳурии Қафқозӣ ба пойтахти Қирғизистон рафт.
Ҳамзамон чанде қабл аз ин нахуствазири Арманистон аз ширкат дар нишасти сарони ИДМ, ки дар Бишкек низ баргузор шуд, худдорӣ кард.
Илова бар ин, дабири Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян низ аз омадан ба ҷаласаи навбатии котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 8 ноябр дар Маскав баргузор шуд, худдорӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, Кремл изҳори таассуф кардааст, ки Пашинян наметавонад дар нишасти Шӯрои СПАД дар Минск, ки рӯзи 23 ноябр доир мешавад, ширкат кунад.
Чунин вохӯриҳо барои мубодилаи афкор муфид ҳисобида мешаванд.