ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тоҷикистонро давоми ҳамагӣ чанд соат ду заминларза такон дод.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар дар такя ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамин тариқ 13 ноябри соли 2023, ҷунбиши нахустин соати 00:54 ба вақти маҳаллӣ сабт шуда, ки марказаш дар 215 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 15 километр шимолу шарқи вилояти Тоҷикобод, дар қаламрави кишвари мо буд.
"Дар маркази заминларза қувваи зилзила 4 балл ва дар вилояти Тоҷикобод 3 баллро ташкил додааст",- афзудааст манбаъ.
Ҳамчунин субҳи ин рӯз соати 08:34 ба вақти маҳаллӣ аллакай дар пойтахти кишвар заминларза сабт шуд.
Маркази заминларза дар 20-километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 17-километрии шимолу шарқи ноҳияи Варзоб, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб воқеъ будааст.
"Қувваи заминларза дар маркази заминҷунбӣ 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил додааст", - афзудааст манбаъ.
КҲФ гузориш медиҳад, ки тибқи маълумоти расида, дар натиҷаи заминларза талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи рӯзи 11 ноябр низ дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуда буд.
Маркази ин заминларза 31 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 22 километр аз шаҳри Норак, буда, қувваи ларзиш дар марказ 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3-баллро ташкил дод.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи таҳлилҳои мутахассисон Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ОМ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд.