Талоши пинҳон кардани қариб 1 млрд сомонӣ пули андоз дар Тоҷикистон

Мақомоти андози Тоҷикистон дар пайи санҷишҳо дар давоми нуҳмоҳаи аввали соли равон ҳолатҳои кам ҳисоб кардан ва ё пинҳон намудани андозро ошкор кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Маъмурини андоз зимни корҳои назоратӣ аз ҳисоби кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андоз­ҳо 994 млн сомонӣ ошкор кардаанд.
Дар ин бора нашрияи "Садои мардум" аз қавли Кумитаи андози Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аз ин ҳисоб тайи моҳҳои январ - сентябри соли равон ба буҷет бо назардошти қарзҳои солҳои қаблӣ 872 млн ворид гардид.
Маблағи мазкур дар муқоиса бо ҳамина давраи соли гузашта 303 млн сомонӣ зиёд мебошад, афзуд манбаъ.
Андозсупорандаҳои бузург дар Тоҷикистон боз нақшаро иҷро накардаанд
Дар умум ба иттилои мақомоти андоз, бақияи қарзи андозҳо то якуми октябри соли равон 894 млн сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба аввали соли равон зиёда аз 166 млн сомонӣ бештар мебошад.
Таъкид шудаст, ки бо мақсади рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он дар ин давра нисбат ба қариб 14 ҳазор андозсупорандаи қарздор қарорҳо дар мавриди маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо қабул шудааст.
Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар ҷумҳурӣ асосан андозсупорандаҳои калон нақшаи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаро иҷро накардаанд.