ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Бар асоси оморҳо дар 7 моҳаи аввали имсол беш аз 159 ҳазор тонна коло ба арзиши 133 млн доллар аз Эрон ба Тоҷикистони содирот шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИСНА.
Ба иттилои манбаъ, ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 107 ҳазор тонна бо арзиши 76 млн долларро ташкил медод ва ин нишон медиҳад, ки арзиши содироти Эрон ба Тоҷикистон дар ҳафт моҳи имсол ҳудуди 75% афзоиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки охири ҳафтаи гузаштаи раисҷумҳури Эрон дар ростои густаришу таъмиқи таъомулоти иқтисодӣ ва сиёсӣ бо кишварҳои ҳамсоя озими Тоҷикистон шуд.
Дар ҷараёни ин сафари раисони ҷумҳур, мақомоти олирутбаи Эрон ва Тоҷикистони як баёнияи муштарак ва 18 санад ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Ёддошти тафоҳуми нақшаи роҳи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии баландмуддат барои солҳои 2023 то 2030 лағви раводид, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳамлунақл ва тронзит, мудирияти буҳрон, эҷоди минтақаи озоди муштарак, фарҳанг ва ҳунар, омузиши олӣ, таҳқиқоти фанноварӣ ва навоварӣ, хадамоти постӣ, умури варзишӣ ва хоҳархонандагии миёни шаҳрҳои Язд ва Хуҷанди Тоҷикистон аз ҷумлаи аснод ва тафоҳумномаҳои ҳамкории миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон буд, ки тавассути мақомоти ду кишвар ба имзо расид.