"Обулой"-и пулҳои буҷа: Оҷонсӣ гуфт кадом шаҳру навоҳӣ пешсафанд

Зарар бештар аз хароҷоти ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ сабт шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон шаҳру навоҳие, ки зарфи нуҳ моҳ бештар аз ҳама маблағҳои буҷа дар он обулой шудааст, эълон кард.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи тафтиши ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 37,8 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, 37 млн сомонии (97,8%) он барқарор карда шуд.
Дар ин бора муовини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикис­тон Сулаймон Талбакзода иттилоъ дод, навиштааст нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Аз маблағҳои ошкоршуда ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳри Душанбе 7,3 млн. сомонӣ, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров — 5,6 ва Спитамен — 3,7 млн сомонӣ пешсафанд.
Дар ҷойҳои баъдӣ ноҳияи Айнӣ бо 3,2 млн зарар ба буҷа, Исмоили Сомонӣ — 2,5, Файзобод 2,3, Лахш — 2,2, Варзоб — 1,8, Абдураҳмони Ҷомӣ — 1,6, Дӯстӣ — 1,6, Қубодиён — 1,5, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 1,3, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шуғнон як миллионӣ. ва ба Мурғоб 711,9 ҳазор сомонӣ ҷойгиранд.
Андозсупорандаҳои бузург дар Тоҷикистон боз нақшаро иҷро накардаанд
Ба иттилои манбаъ, аз маблағҳои ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.
Талбакзода таъкид кард, ки дар умум зарфи нуҳ моҳ ҷониби мутахассисони агентӣ 206 тафтишу санҷишҳои гузаронидашуд, ки дар натиҷа 213,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.