Аз андоз то занбурпарварӣ: Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расонид

Қонунҳо дар пайи нашр дар матбуот мавриди амал қарор гирифта, ба гуфти котиботи раисҷумҳур он ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон як бастаи қонунҳои ҷадидро ба имзо расонид.
Бастаи қонунҳои имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон ахиран аз ҷониби парлумон қабул гардиданд.
Дар феҳрасти аснод, Кодекси фазои ҳавоӣ, қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи занбӯриасалпарварӣ” мебошанд.
Дафтари матбуоти президент таъкид кардааст, ки қонунҳои баимзорасида барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои кории нав, танзими ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, таъмини бехатарии фазои ҳавоӣ, рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти самтҳои дигари ҳаёти ҷомеа равона шудаанд.
Гуфта мешавад, ки қонунҳо дар пайи нашр дар матбуот мавриди амал қарор мегиранд.
Гулу гиёҳҳои ширин дуруст насабзида хушк шуданд: Нигаронии асалпарварони тоҷик
Ёдовар мешавем, ки тобистони соли ҷорӣ президент зимни суханронӣ дар як Семинар – машварати занбӯриасалпарварони мамлакат дар Ховалинг аз шароити мусоид барои рушди соҳа дар кишвар, аммо қаноатбахш набудани вазъи кунунии он гуфта буд.
Ӯ гуфт, ки дар баробари қонун, чор барномаи давлатии рушди соҳа қабул гардида, барои амалисозии он амалисозии барномаҳои мазкур аз буҷети давлат зиёда аз 10 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.
Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди соҳа шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар соли 2022 ба 264 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 4,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 шумораи оилаҳои занбӯри асал 4,3 баробар, истеҳсоли асал 7,7 баробар ва маҳсулнокии оилаҳо 1,8 баробар зиёд гардид.
Лекин ба таъкиди раисҷумҳур, ки бо дарназардошти шароиту имкониятҳои Тоҷикистон ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд.