ДУШАНБЕ, 12 ноя – Sputnik. Нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар 9 моҳи аввали солил равон ба андозаи зиёдаи 106% таъмин гардид.
Дар ин бора муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нозим Меликзода зимни як ҷаласа дар Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
Дар ин миён истисно боз Раёсати андозсупорандагони калон мебошад, ки боз нақшаро иҷро накардаанд.
Ба гуфтаи Меликзода аз ҳисоби андозсупорандаҳои андоз ба буҷет 349 млн сомонӣ ворид нашудааст.
Дар ин рӯйхат вай "Ширкати Алюминийи Тоҷик", ҶСК "Тоҷиктелеком", ЧДММ "Ширкати кӯҳӣ — саноатии Тоҷикистону Хитой", ҶДММ "Ширкати металлургии "Анзоб", ҶСК "Талко Голд" ва ширкатҳои мобилиро ном бурд.
Ноиби раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, сабабҳои асосии дар ин давра таъмин нагардидани иҷрои нақша аз ҳисоби ин корхонаҳои бузургро чун солҳои қаблӣ таъмин нашудани дурнамои нишондиҳандаҳои ин корхонаҳо гуфт.
Нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, бо фоидаи ночиз ҷамъбаст намудани фаъолият ва дигар омилҳо боис шуд, ки нақшаи андоз аз ҷониби корхонаҳои бузурги мазкур иҷро нагардид, афзуд манбаъ.