ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар дидори Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо муовини дипломатии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон Меҳдии Сафарӣ, алоқамандии ду тараф нисбат ба таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар заминаи саноат, маъдан, фанновариҳои нав, транзит ва нафт таъкид шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИСНА.
Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор оқои Сафарӣ дар бораи тавонмандиҳои Эрон дар заминаи нано, биотехнология, котолист, тавлидоти петрошимӣ, тавлиди доруҳои ҷадид барои муолиҷаи беморони саратонӣ, таҷҳизоти пизишкии пешрафта ҷиҳати амали ҷарроҳии мағз, доруҳои шимиёӣ ва мукаммилҳои рушди тавлидоти кишоварзӣ таъкид кард.
Вай гуфт ширкатҳои эронии донишбунён барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ омода ҳастанд.
Ҳамчунин имкони ҳамкории ширкатҳои тавонманди Эрон дар бахши иктишоф, истихроҷ ва фароварии маодину сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву тиҷорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо эътироф аз ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар заминаи донишбунён истиқбол ва бар алоқамандии Душанбе ҷиҳати густариши таомулот бо ширкатҳои дорӯсозии Эрон ба манзури таъмини ниёзҳои дохилӣ таъкид кард.
Дар ин дидор ҳамчунин мавзӯи ҳамкориҳои транзитӣ, тавлиди трактору адавоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.