Дар Тоҷикистон беш аз 400 иншоот барои милиса сохта шудааст

Ин омор дар рӯзи таҷлил аз рӯзи кормандони милиса, ки бо иштироки президенти Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ баргузор шуд, таъкид гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти нав барои кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба истифода дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамшуда дар бинои хобгоҳи сарбозони баталёни фаврии таъиноти махсуси Қисми ҳарбии 3502-и ВКД шинос гардид.
Дар маҷмуъ дар ин қисми низомӣ 1 хобгоҳ бо ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шуда, 5 хобгоҳи дигар пурра навсозӣ карда шудааст, афзуд манбаъ.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон 4 иншооти навро аз тариқи онлайн ба истифода дод.
Дар ин рӯйхат маркази таълимии Қушунҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода, Маркази васлу насби таҷҳизоти техникаи оташнишонии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мурғоби ва бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Мушфиқии пойтахт барои кормандони милиса зикр шудаанд.
Мақомот дар Хоруғ рейд гузаронданд
Президент инчунин бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ шинос шудаст.
Маҳсулоти тару тоза аз тарафи хоҷагиҳои ёрирасон дар ноҳияҳои Лахш, Варзоб, Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе истеҳсол ва ба афсарону сарбозон дастрас карда мешавад, афзуд манбаъ.
Таъкид гардид, ки талаботи ҳайати шахсӣ бо гӯшту шир ва асал бештар аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони назди вазорат қонеъ гардонида шавад.
Раисҷумҳур масъулинро барои ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти босифат ва таъмини ҳайати шахсӣ бо маводи ғизоӣ аз ҳисоби имкониятҳои дохилии табиӣ вазифадор намуд.