ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Паҳлавони шинохтаи тоҷик, Акмалиддин Каримов дар даври нимниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳони самбо шикаст хӯрд, аммо ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт.
Вай бо ҳарифаш аз Русия, Саян Хертек майдондорӣ кард, аммо натавонист дастболо гардад ва ҳамин тариқ аз зӯрозмоӣ барои нишони нуқраю тилло маҳрум шуд. Каримов то расидан ба ин зина нахуст паҳлавони қирғиз, дар даври даври чаҳорякниҳоӣ Жассулан Наримонови қазоқро шикаст дод.
Ҳамин тариқ паҳлавони тоҷик барои нишони биринҷӣ бо Ҷайеонг Шин мубориза бурда, ғолиб гардид.
Паҳлавони дигари тоҷик, Хушқадам Хусравов дар аввалин рақобаташ дар Қаҳрамонии ҷаҳони самбо шикаст хӯрд. Вай натавонист ҳарифаш Белек Бараканови қирғизро шикаст диҳад.
Қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Еревани Арманистон рӯзҳои 10-12 ноябр идома хоҳад кард. Федератсияи самбои Тоҷикистон гуфт, дар ин мусобиқа 9 самбочии тоҷик иштирок мекунанд.
Дар феҳрасти иштирокдорон, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов, Деваштич Убайдӣ, Зафар Олимшоев, Бахтовар Замиров ва дар самбои размӣ Бобохон Мирзозода, Сорбон Латипов, Худоёр Раҷабов, Сарвар Ҳотамбекзода ном бурда шуданд.
Ҷамъан дар қаҳрамонии ҷаҳонӣ дар Арманистон варзишгарони 65 давлат иштирок мекунанд.