ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тайи шабонарӯзи ахир дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон селфароӣ сабт шудааст, ки ба хонаву заминҳои сокинон зарар расонидааст.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, дар натиҷаи боришоти шадид дар ҳудуди деҳаи "10-солагии Истиқлолияти давлатӣ"-и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сел ба амал омад.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи пур шудани селпартои Овзикент-2 , он ба 6 бинои истиқоматӣ ва 74 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар ҳудуди деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов сел ба 21 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва се иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ осеб расонидааст.
Дар ҷамоати деҳоти Озодагон бошад, бар асари боло рафтани сатҳи оби канали деҳаи Отчапар таҳхонаҳои 12 бинои истиқоматии сокинони маҳаллӣ зери об мондааст.
"Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории КҲФ ва Комиссияи изтирории ноҳиявӣ барои муайян кардани хисорот ва расонидани кӯмак кор мекунанд",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус сафарбар карда шудаааст.
КҲФ мегӯяд, дар натиҷаи омадани сел талафот ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, омадани сел, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ярч ва сангрезиҳо то 10 ноябри соли 2023 идома хоҳад кард.
КҲФ дар робита ба шароити имрӯзаи обу ҳаво бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намудааст, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.
Ба хотири пешгирии садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагон даъват мешавад, ки қабл аз сафар дар бораи ҳолати роҳҳо, шароити обу ҳаво маълумот ҷамъоварӣ намуда, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд.