Дар қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон Бригадаи таъйиноти махсус ташкил мешавад

Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд, гуфт президент
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ба Бригадаи фаврии таъиноти махсус табдил дода шавад, дастур дод, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон.
Вай зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони милиса дар рӯзи касбияшон, шароиту имкониятҳои муҳайёгардида дар қисми ҳарбиро барои ташкили бригадаи махсус мувофиқ хонд.
Президент ҳайати фармондеҳӣ ва ҳар як хизматчии ҳарбиро барои мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, малакаву маҳорати касбӣ ва албатта, риояи ҳатмии қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизому тартибот вазифадор кард.
Раҳмон дар бораи вазъи ҷаҳон: Ҳатто чанд рӯзи ояндаро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст
Раисҷумҳур қӯшунҳои дохилиро яке аз сохторҳои муҳими Вазорати корҳои дохилӣ хонда, саҳми онҳоро дар таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум басо арзишманд арзёбӣ кард.
"Дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбию ҷангӣ нишон доданд", - гуфт президент.
Вай афзуд, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд.
Ӯ гуфт, феълан Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун ниҳоди боэътимоди ба душвориҳо тобовар вазифаҳои хизматии худро содиқона иҷро карда истодаанд.