Осиёи Миёна бо ҳолатҳои изтирорӣ якҷоя мубориза мебарад

Роҳбарони мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна дар пойтахти Қазоқистон масоили ҳамкорӣ дар мубориза бо офатҳои табииро баррасӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми минтақавӣ бахшида ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Остона ширкат кард.
Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар доданд.
Феълан дар Остона нишасти раҳбарони кумитаю вазоратҳои ҳолатҳои изтирории кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.
Гуфта мешавад, ки ҳайати Тоҷикистонро раиси КҲФ Рустам Назарзода раҳбарӣ мекунад.
Нигаронии генерал Назарзода аз таҳдидҳои иқлимӣ
Дар ин нишаст дар баробари раҳбарони бахшҳои наҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ инчунин як қатор масъулини созмонҳои байналмилалӣ ширкат доранд.
Интизор меравад, ки дар мулоқоти намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҳҳое баррасӣ шаванд, ки ҳамкориҳо дар дохили минтақаро дар заминаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ пешбинӣ мекунанд. Дар анҷоми чорабинӣ ҳуҷҷати ҷамъбастии Форуми минтақавӣ қабул карда мешавад.