Глазев: ИИАО як қутби ҷаҳон хоҳад шуд

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо он зарфияти бузурге, ки дорад дар шароити ташаккули тартиботи нави ҷаҳонии бисёрқутбӣ яке аз қутбҳо хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. ИИАО ҳама имконотро дорад, ки ба яке аз қутбҳои ҷаҳони бисёрқутбӣ табдил ёбад, изҳор дошт вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисоди Комиссияи иқтисодии созмон Сергей Глазев.
Вай ин нуктаро зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсия баён дошт.

"Ҳамгироии иқтисодии Авруосиё имкон медиҳад, ки ба таври муассир бо бадтар шудани мушкилоти ҷаҳонӣ муқовимат сурат гирад", - таъкид намуд Глазев.

Пештар намояндаи расмии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Ия Малкина гуфта буд, ки ИИАО бояд як платформаи ҷалби бозигарони ҷаҳонӣ гардад. Ба андешаи вай, иттиҳод дар оянда бояд шукуфоии иқтисоди кишварҳои узвро таъмин кунад.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ахиран таъкид намуд, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё суботи иқтисодии кишварҳои узвро таъмин карда, барои боло рафтани ҷойгоҳашон дар ҷаҳон мусоидат мекунад.
Лавров: ИИАО ва ИДМ дар роҳи долларзудоӣ пешқадаманд
Дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) барои рушди устувори иқтисоди кишварҳои узв шароит фароҳам оварда мешавад.
Дар шароити кунунии душвори геополитикӣ ба таъмини истиқлолияти технологӣ, эҷоди инфрасохтори мустақили молиявӣ ва афзоиши ҳиссаи пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад, изҳор дошт Владимир Путин.