Путин: ИИАО муштаракан бозорҳои умумии молро ташкил медиҳад

Раҳбари Русия бовар дорад, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё воқеан ба сатҳи худкифоӣ бо аксари маҳсулоти кишоварзӣ расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) якҷоя занҷирҳои технологии умумииттифоқии истеҳсолӣ месозанд.
Ин нуктаро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар форуми ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Қазоқистон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, бо ин роҳ бозорҳои умумии фурӯш, аз ҷумла, кишоварзӣ ташкил мешаванд.
"Кишварҳои узви ИИАО барои ташаккули бозорҳои умумии молӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, сохтани занҷирҳои технологии истеҳсолии умумииттифоқӣ якҷоя кор мекунанд ва барои иваз кардани воридот ва рақамикунонии савдои мутақобила кӯшишҳои фаъол доранд", - қайд кард роҳбари Русия.
Путин афзуд, ин иттиҳодия воқеан ба сатҳи худкифоӣ дар аксари колоҳои кишоварзӣ расидааст.
Илова бар ин, ИИАО дар фурӯши чунин маҳсулоти муҳим, ба мисли гандум дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Лавров: ИИАО ва ИДМ дар роҳи долларзудоӣ пешқадаманд
Раисиҷумҳури Русия қайд кард, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар қатори даҳ пешвоёни таъминоти баъзе намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ қарор дорад.
Қаблан Владимир Путин, раҳбари Русия таъкид карда буд, ки Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё нақши калидӣ дар заминаи суботи иқтисодӣ мебозад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҷо шароити рушди устувори иқтисоди кишварҳои узв, таҷдиди онҳо ва афзоиши рақобатпазирӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ташаккул меёбад.