Шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон бо шаҳри Язди Эрон бародаршаҳр мешаванд

Ахиран тафоҳумнома дар бораи барқарорсозии алоқаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва шаҳри Язди Эрон ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон ва шаҳри Язди Эрон алоқаҳои бародаршаҳрӣ барқарор мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод .
Ба иттилои манбаъ ахиран дар маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, ки бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ баргузор шуд, тафоҳумнома дар бораи барқарорсозии алоқаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон ва шаҳри Язди Эрон ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Зокирзода: Имрӯз дар тамоми самти ҳамкории Тоҷикистону Эрон пешравиҳо дида мешаванд
Дар Қасри миллат дар доираи сафари расмии Президенти Эрон ба Тоҷикистон музокироти сатҳи олии ду давлат баргузор гардид.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштироки Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Дар маҷмуъ аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 19 санади нав имзо шуд.