Табодули таҷрибаю ҳамоҳангӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ҳифзи шаҳрвандон аз хатарҳои дохилию хориҷӣ муҳим мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар паёми видеоӣ ба иштирокчиёни ҷаласаи XI котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ баён дошт.
Президенти Русия дар феҳрасти хатарҳои муштарак терроризм, ҷинояткории муташаккил, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хатарҳо дар бахши иқтисодӣ, технологӣ ва биологиро ном бурда, афзуд, ки барои ҷилавгирии онҳо бояд кори бузурге анҷом дода шавад.
Ӯ аз талоши бархе аз кишварҳо барои ноором кардани қудрати қонунӣ, суботи иҷтимоӣ ва арзишҳои суннатӣ дар кишварҳои ИДМ, ҳамчунин вайрон кардани равобити наздики анъанавии тиҷоратию фарҳангӣ дар созмон ҳушдор дод.
"Дар як қатор минтақаҳо низоъҳои пешина авҷ гирифта, нуктаҳои нави ташаннуҷ пайдо шудаанд. Аз ҷумла, дар Ховари Миёна, ки даври нави бархурди Фаластину Исроил ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз он пеш аз ҳама ғайринизомиён азият мекашанд", - қайд кард президент.
Мулоқоти мунтазами дабирони амнияти кишварҳои ИДМ барои таъмини бехатарӣ, мустақилият ва манофеи миллии кишварҳои созмон муҳим мебошад, гуфт президенти Русия.