ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони ширкати "IBT Education & Technology Group" - и Канада масъалаи рақамикунонии бахши кишоварзиро баррасӣ кард, иттилоъ додааст вазорати кишоварзӣ.
Ахиран дар бинои вазорат мулоқоти муовини вазир Нигина Анварӣ бо президенти "IBT Education & Technology Group" Ҷо Шоукур баргузор гардид.
Дар ин мулоқот тарафҳои масъалаи рақамикунонии соҳаи кишоварзро баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар мулоқот дар бораи дастовардҳо ибрози андеша намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати ҳамкории мутақобилан судманд дар самти кумаки молиявию техникӣ, ташкили марказҳои омӯзишӣ барои занону духтарон, табодули таҷриба, омодасозии кадрҳо, дастгирӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти нави инноватсионии кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо изҳор доштанд.
Ҷиҳати пешбурди кор байни КВД "Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ширкати "IBT Education & Technology Group"-и Канада Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.