Таъмири кӯчаҳои деҳа аз сӯйи сокинон

Сокинони деҳаи Некноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент дастҷамъона кӯчаи асосии деҳа ва як роҳи дигарро, мумфарш менамоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Сокинони деҳаи Некноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент низ иқдом гирифтанд, ки дастҷамъона кӯчаи асосии деҳа ва роҳ то деҳаи Зери Ҳисорро, ки беш аз се километр аст, мумфарш намоянд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, сокинон нахуст роҳро васеъ, тахту ҳамвор ва фарши онро барои мумфаршкунӣ омода карданд.
“Ба ин кор техникаю механизмҳои зарурӣ низ сафарбар карда, давоми ду рӯз масофаи беш аз як километр мумфарш карда шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Масрафи беш аз 20 миллион сомонӣ аз сӯйи соҳибкорони Бохтар барои таъмири роҳ
Тавре ташаббускорони ин иқдом гуфтанд роҳ ду қабат мумфарш карда мешавад ва даҳҳо нафар сокинон бо истифода аз техникаҳои зарурӣ ба ин кор машғул мебошанд.
Мақомоти шаҳри Панҷакент таъкид кардааст, ки соли равон бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинон дар шаҳр беш аз 15 киломер роҳҳои маҳаллӣ ва кӯчаҳо мумфарш ва 24 километр таъмир ва шағалпӯш карда шуд.