Президенти Русия: ИИАО дар суботи иқтисодӣ нақши калидӣ хоҳад дошт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё суботи иқтисодии кишварҳои узвро таъмин карда, барои боло рафтани ҷойгоҳашон дар ҷаҳон мусоидат мекунад, бовар дорад Владимир Путин
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) барои рушди устувори иқтисоди кишварҳои узв шароит фароҳам оварда мешавад.
Ин нуктаро президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо "Казахстанская правда" баён дошт.
Ба андешаи ӯ, модернизатсия ва афзоиши рақобатпазирии кишварҳо дар миқёси ҷаҳонӣ низ ҷараён дорад.
Оверчук: Кишварҳои мустақил дар ҳамкорӣ бо ИИАО метавонанд рушд кунанд
Раҳбари Русия илова намуд, ки аз нигоҳи суботи иқтисодӣ нақши калидӣ ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дода мешавад.
"Дар шароити кунунии душвори геополитикӣ ба таъмини истиқлолияти технологӣ, эҷоди инфрасохтори мустақили молиявӣ ва афзоиши ҳиссаи пули миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад", - гуфт Путин.
Пештар намояндаи расмии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Ия Малкина гуфта буд, ки ИИАО бояд як платформаи ҷалби бозигарони ҷаҳонӣ гардад. Ба андешаи вай, иттиҳод дар оянда бояд шукуфоии иқтисоди кишварҳои узвро таъмин кунад.