ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ бо сиёсату стандартҳои дугуна талоши ҷудо кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русияро доранд.
Ин нуктаро дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев дар мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ дар Маскав баён дошт.
"Ғарб талош дорад, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ фишанг эҷод кунад, то онҳоро аз Русия ҷудо кунад. Ин ҷо гап на танҳо дар бораи фишори сиёсӣ балки шантажи иқтисодӣ аз ҷониби Ғарб меравад, аз ҷумла таҳдиди таҳримҳо", - гуфт вай.
Дабири Шӯрои амнияти Русия аз сиёсати дугунаи Ғарб дар ИДМ танқид карда, мисолҳо овард.
"Бо ташвиқи ҷиноятҳои режими Киев инчунин аз нақзи дағалонаи қонунҳо ва ҳуқуқи башар дар Молдова чашм пӯшида, Русия ва Беларусро маҳкум мекунанд, таҳқиқи ҳодисаҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистонро талаб мекунанд", - изҳор дошт Патрушев.
Вай афзуд, эътидоли муносибати байни Озарбойҷон ва Арманистон танҳо вақте имконпазир аст, ки нерӯҳои ғайриминтақавӣ дахолат ба низоъро қатъ кунанд.
Маскав дар замони раёсаташ дар ИДМ, ки соли 2024 онро ба уҳда хоҳад дошт, ҳамгироиро дар созмон таҳким мебахшад, гуфт Патрушев. Бо ин роҳ мо ба рушди бехатар ва устувори давлатҳои худ саҳм мегузорем, афзуд ӯ.