Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати дифои Русия: ҳамлаи 17 ҳавопаймои бесарнишин дар Қрим бартараф шуд

Системаҳои падофанди ҳавоии Русия 9 ададро нобуд ва 8 ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар болои баҳри Сиёҳ ва нимҷазираи Қрим боздошт карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Аз талоши Киев барои ҳамла ба қаламрави Русия бо 17 ҳавопаймои бесарнишин ҷилавгирӣ шуд.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар додааст.
Системаҳои дифои ҳавоии Русия 9 ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар фарози баҳри Сиёҳ ва нимҷазираи Қрим нобуд ва боздошт карданд.
"Субҳи 7 ноябр аз талоши режими Киев барои анҷоми ҳамлаи террористӣ бо истифода аз 17 ҳавопаймои бесарнишин ба ҳадафҳо дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шуд", — омадааст дар хабар.
Ба гуфтаи Михаил Развожаев, волии Севастопол, пораҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини сарнагуншуда ба боми як манзили хусусӣ дар Андреевка ва ҳамчунин дар саҳни як манзил дар Орловка афтода, як нафар ҷароҳат бардоштааст. Дар Севастопол ҳеҷ осеби ҷиддӣ ба биноҳо ва инфрасохтор ба қайд гирифта нашудааст
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина пайваста талош доранд, ба ҳадафҳои мухталиф дар Қрим бо ҳавопаймоҳои бесарнишин, пеш аз ҳама Севастопол, пойгоҳи аслии флоти баҳри Сиёҳ, ҳамла кунанд.
Системаҳои дифои ҳавоӣ аксари ҳавопаймоҳои бесарнишинро нест мекунанд. Дар нимҷазира дар сатҳи баланд (зард) ҳушдори терроризм боқӣ мемонад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Ҳама чиз аз даст рафт": дар ИМА аз нотавонии артиши Украина гуфтанд
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз оғози ҳамлаи ҷавобӣ 4 июни соли 2023 хабар дода буданд.
Пас аз 3 моҳ пас, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи нокомии кӯшиши рахна кардани хатти дифои артиши Русия хабар дод ва гуфт, ки тамоми талоши режими Киев ба нокомь дучор шуд.
Тибқи маълумот дар аввали моҳи октябр, дар натиҷаи "ҳамлаҳо" Киев беш аз 90 ҳазор нафар низомиёнро талаф додааст - онҳо ё кушта ё захмӣ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Раисҷумҳури Федератсияи Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".