Супориши Раҳмон барои ташхиси сокинони ВМКБ

Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон даҳҳо мутахассисони соҳаи тандурустӣ барои гузарондани ташхису табобат ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафарбар шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. "Корвони саломатӣ" иборат аз 46 нафар мутахассиси соҳаи тандурустӣ ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафарбар карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ин чорабонӣ бо дастури бевоситаи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст.
Корвони мошинҳои ҳомили мутахассисони тиб 7 ноябр озими ВМКБ гардид, афзуд манбаъ.
Таъкид шудааст, ки гурӯҳи корӣ бо раҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, мутахассисони тамоми бахшҳоро дар бар мегирад.
Русия қасд дорад раванди муолиҷаи кӯдакони муҳоҷирро содатар кунад
"Дар назар аст, ки ба гурӯҳҳои алоҳида тақсимот шуда, ба тамоми сокинони вилоят, то санаи 11 уми ноябр хизматрасониҳои гуногуни тиббӣ расонда шавад", - омадааст дар иттилоия.
Хадамоти ройгони тиббӣ аз ҷумла ташхис, муоина ва табобати ройгонро дар доираи ин корвони саломатӣ фаро мегирад.
Таъкид гардидаст, ки сокинон метавонанд ба марказҳои саломатӣ ва беморхонаи марказии ҷои зисташон муроҷиат намуда ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шаванд.