ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Изҳорот дар бораи силоҳи ҳастаӣ дар Исроил саволҳои зиёдеро ба вуҷуд овард, аз ҷумла дар бораи мавҷудияти он дар арсенали ин кишвар.
Ин нуктаро сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Русия Мария Захарова баён дошта, афзуд, ки бояд созмонҳои байналмилалӣ ва МАГАТЭ ба он таваҷҷуҳ кунанд.
Қаблан вазири Исроил дар умури Байтулмуқаддас ва мерос, Амихай Элиёҳу, гуфт, "яке аз имконот" густариши низоъ партофти бомбаи ҳастаӣ ба Ғазза аст.
Захарова гуфт, ин изҳорот дар саросари ҷаҳон вокуниши шадидро ба бор оварда, суолҳое ба миён гузошт.
"Саволи рақами якум, оё мо изҳороти расмӣ дар бораи мавҷудияти силоҳи ҳастаӣ мешунавем?", - суол гузошт намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар Соловёв Live.
Вай қайд кард, ки ин суханонро метавон як изҳороти расмӣ дар бораи мавҷудияти силоҳи ҳастаӣ дар Исроил арзёбӣ кард, аз ин рӯ, созмонҳои байналмилалӣ ва пеш аз ҳама МАГАТЭ бояд ба онҳо таваҷҷӯҳ кунанд.
"Саволҳои навбатӣ, ки ҳама доранд, инҳоянд: созмонҳои байналмилалӣ куҷоянд, МАГАТЭ куҷост, бозрасҳо куҷоянд?", - гуфт дипломат.
Вазири Исроил, Элиёҳу ахиран гуфт, дар навори Ғазза ғайринизомиёне вуҷуд надоранд, ки дар низоъ ширкат надошта бошанд.
Вазир дар мусохиба бо радиои Kol Berama ба саволи он, ки оё ба ин анклав бояд бомбаи ҳастаӣ партофта шавад, гуфт, ки "ин яке аз имкониятхо мебошад". Ин мақоми исроилӣ ҳамчунин муътақид аст, ки ҳама кумакҳои башардӯстона ба навори Ғазза интиқол дода намешавад.
Пас аз ин, Элиёҳу кӯшиш кард, ки изҳороти худро дар микроблоги худ рад кунад ва изҳор дошт, ки суханҳо дар бораи бомбаи ҳастаӣ як истиора мебошанд.
Дафтари сарвазири ҳукумати Исроил итминон дод, ки изҳороти вазир "ба воқеият мувофиқат намекунад" ва Исроил аз рӯи стандартҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амал мекунанд. Вазир аз ширкат дар ҷаласаҳои ҳукумат барканор шуд.