Додситонии Тоҷикистон ва Чин дар мавриди истирдоди ҷинояткорон ба мувофиқа расиданд

Додситонҳои кулли ду кишвар ҳамчунин мубориза бо ифротгароӣ, терроризм, киберҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд.
Ҳамин тариқ, рӯзи сешанбеи 7 ноябр дар Сиан, додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Додситони кулли Додситонии Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ин Юн мулоқот анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти ниҳоди мазкур хабар додааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими фаъолият дар самти мубориза бо ифротгароӣ, терроризм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҳамчунин масъалаҳои амниятро баррасӣ намуданд.
Юсуф Раҳмон ва Ин Ёнг дар мавриди истирдоди ҷинояткорон, расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ ва дигар кумакҳои мутақобила ба мувофиқа расиданд.
Донишгоҳҳои Тоҷикистону Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Ҷонибҳо бар аҳамияти густариши ҳамкориҳои зич миёни ниҳодҳои марбута ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳо барои ҳалли ин масъалаҳо таъкид карданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамкории ҷонибҳо қариб дар ҳама сатҳҳо рушд мекунад.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, қаблан бо Ма Синҷу, узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Чин мулоқот кард.
Роҳбари ҷумҳурӣ таваҷҷуҳро ба имкониятҳои мусоиди рушди ҳамкориро дар иқтисоди рақамӣ ва сабз ҷалб намуд.