ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва чангу ғубор ба амал меояд.
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар ВМКБ ҳаво тағйирёбанда буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борону барф) ба амал меояд.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 14+19 гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борону барф) ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, шабона 0+5 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Аммо дар Хатлон гармтар шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр борону барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.