ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ 8 ноябр бо сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад.
Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ дар назар буда, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.
Бар асоси барономаи сафар, Сайид Иброҳим Раисӣ бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода низ мулоқот хоҳад кард.
Дар доираи сафари президент, инчунин иштирокаш дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон ба нақша гирифта шудааст.
Қаблан Палатаи савдо ва саноати Эрон хабар дода буд, ки намояндагони утоқҳои бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳанд кард.
Дар ин робита раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода бо соҳибкорони ватанӣ мулоқот намуд.
Аз онҳо даъват шуд, ки форуми муштарак бо ҷониби Эрон муаррифии ҳарчи бештари имкониятҳои сармоягузорию соҳибкорӣ ва дар ин замина диверсификатсияи ҷалби сармоя ба иқтисодиёти мамлакатро роҳандозӣ намоянд.
Соҳибкорони ватаниро зарур аст, ки ҷиҳати омода намудани лоиҳаҳои авзалиятноки сармоягузорӣ ва иштироки фаъолона дар Форум чораҷуӣ намоянд, зарур хонд Қодирзода.