ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия бо истифода аз зарбаҳои ҳавоӣ ва артиллерия ҷойҳоеро, ки киштиҳои бесарнишин ва лавозимоти ҷангии Украина нигаҳдорӣ мешуданд, нобуд карданд.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати дифои Русия, Игор Конашенков гузриш дода, афзуд, ки зарбаҳо тавассути ҳавопаймоҳо, бесарнишинҳо, нерӯҳои мушакӣ ва артиллерия анҷом дода шуданд.
Илова бар ин, Конашенков қайд кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар 117 қисмат қувваи корӣ ва техникаи низомиро шикаст доданд.
Намояндаи расмии вазорати дифоъ иттилоъ дод, ки дар давоми 24 соати охир нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҷилави ду снаряди HIMARS -ро гирифта, беш аз 20 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро днобуд карданд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти вижа артиши Русия тақрибан 8,7 ҳазор ҳавопаймои бесарнишини украиниро нобуд кардааст, гуфт ӯ.
Илова бар ин, Конашенков гуфт, ки артиши Русия тайи 24 соати охир ҳамлаи душманро дар вилояти Запороже рафъ карда, талафоти ҳариф дастикам 160 нафарро ташкил додааст.
Дар самти Купянск, дар вилояти Харков, нерӯҳои мусаллаҳи Русия 6 ҳамлаи Нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дафъ кардаанд, дар ҳоле ки талафоти украинӣ дастикам 135 низомиро ташкил додааст.
Конашенков афзуд, дар давоми 24 соати охир низомиёни Русия аз панҷ кӯшиши фуруд омадани душман дар соҳили чапи Днепр дар наздикии Херсон пешгирӣ карданд