ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Таҳримҳо алайҳи Русия танҳо барои Ғарб қулай аст ва на ҳама бо онҳо розӣ ҳастанд, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон, Субраманям Ҷайшанкар.
Вай дар мусоҳиба бо Corriere della Sera гуфт, таҳримҳо фишанг дар дасти Ғарбанд ва аз он танҳо замоне истифода мекунад, ки барояш роҳат аст.
"Аврупо бо гузаштаи мустамликавии худ, то замоне, ки амн буд, аз мушкилоти манотиқи дигари ҷаҳон нигарон набуд. Аммо вақте дар қитъаи Аврупо мушкилиҳо ба миён омад, Ғарб якдилии байналхалқиро талаб мекунад", - гуфт дипломат.
Кишварҳои дигар низ мехоҳанд, ки манфиатҳои онҳо ба назар гирифта шаванд, изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон.
Ӯ афзуд, иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон барои тобиши қонунӣ додан ба аъмоли худ танҳо замоне ба СММ муроҷиат мекунанд, ки гап сари манфиатҳои онҳо бошад.
"Ин таҳримҳо аслан фишангҳое мебошанд, ки иқтисодҳои пешрафта дар ихтиёри худ ҳастанд, бар асоси механизмҳо ва салоҳиятҳое, ки дар тӯли солҳои тӯлонӣ сохта шудаанд. Онҳо ин фишангҳоро ҳангоме ки ба онҳо мувофиқ бошад, истифода мебаранд", - таъкид кард ӯ.
Дар мавриди Украина таъкид кард, ки бояд қазия аз тариқи музокирот ҳал карда шавад ва Ҳиндустон омода аст, дар ин самт кумак кунад.