Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вашингтон поёни муноқишаи Украинаро чӣ гуна дидан мехоҳад?

Амрико аллакай дар Украина шикаст хӯрд ва барои рӯпӯш намудани шармандагии худ мехоҳад эълони сулҳ бо Русияро ба дӯши Киев вогузор кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Вашингтон мехоҳад поёни муноқишаи Украинаро ҳамчун ташаббуси Киев муаррифӣ кунаду виҷдонашро гӯиё пок нигоҳ дорад.
Дар ин бора мудири пажӯҳишгоҳи Институти Ҳудсон, профессори Бард-коллеҷ Уолтер Мид дар мусоҳиба бо рӯзномаии фаронсавии Figaro изҳор дошт.
Ба гуфтаи профессор, Амрико аллакай дар Украина шикаст хӯрд ва барои рӯпӯш намудани шармандии худ мехоҳад эълони сулҳ бо Русияро ба дӯши президенти Украина, Владимир Зеленский вогузор кунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков: Хастагӣ дар ИМА ва Аврупо аз Украина афзоиш ёфта истодааст
Стратегияи раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден идома додани кумак ба Киев хоҳад буд, то замоне ки Зеленский тасмим нагирад, ки вақти музокирот ва додани қаламрав ба Русия фаро расид, афзуд ӯ.
Ба ақидаи коршинос, ин кор ба ҳукумат дар Вашингтон имкон медиҳад, ки виҷдони худро сафед ва эълом кунад, ки украиниҳо ҳама чизро аллакай худашон ҳал кардаанд.
Қаблан Маскав ба кумакҳои зиёди низомӣ ба Украина эътироз баён карда, изҳор дошт, ки ин ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ таъсир нахоҳад гузошт, танҳо низоъро тӯл медиҳад.