Тиҷорати электронӣ дар ИИАО таҳким меёбад

Комиссияи иқтисодии АвруОсиё сари тавсеаи тиҷорати электронӣ бо назардошти содасозии расмиёти гумрукӣ ва таҳкими эътимод чораандешӣ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё оператор барои тиҷорати электронии дохилӣ эҷод мешавад.
Дар ин бора масъули Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Татяна Дубровская иттилоъ дода, афзуд, ки мақомоти гумрук ба равишҳои муосир ниёз доранд, ки ба рушди тиҷорат, амният, ҳифзи аҳолӣ ва иқтисодиёт нигаронида шудаанд.
"Оператор касбияти фаъолият ва роҳати истеъмолкунандаи ниҳоиро, ки бо барасмиятдарории гумрукӣ сару кор нахоҳанд дошт таъмин мегардонад ва истеъмолкунанда бидуни анҷом додани амалҳои иловагӣ сари вақт амонаташро дастрас менамояд", - гуфт ӯ.
Оверчук: Кишварҳои мустақил дар ҳамкорӣ бо ИИАО метавонанд рушд кунанд
Ин талош дар ҳолест, ки дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё суръати рушди савдои электронӣ бештар аз ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
КИАО қаблан изҳор дошта буд, ки афзоиши аз ҳама бештари тиҷорати электронӣ дар сатҳи 30% дар соли 2022 дар Қазоқистон ва Русия ба қайд гирифта шудааст.
Зикр гардид, ки дар соли 2022 фурӯши ҷаҳонӣ тавасути онлайн 19% бозори ҷаҳонии чаканаро ташкил дода, ба ҳисоби пулӣ аз 5,5 трлн доллар гузаштааст.
Ба гуфтаи коршиносон, дар соли 2027 ҳиссаи тиҷорати ҷаҳонӣ 25% ё зиёда аз 9,1 трлн долларро ташкил хоҳад дод.