Қаҳрамони Лигаи якуми Тоҷикистон пеш аз муҳлат маълум шуд

Футболбозони тими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони худ ҳарифон аз бошгоҳи пойтахти Тоҷикистонро голборон намуда, голе сар надоданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дастаи "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пеш аз муҳлат қаҳрамони Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум дар соли 2023 гардид.
Дар ин боар нашрияи расмии "Хатлон" иттилоъ дода, афзуд, ки дастаи "Панҷшер" дар майдони худ бо дастаи "Душанбе"-и пойтахти Тоҷикистон рақобат намуд ва бо ҳисоби 5:0 пирӯз гардид. Ин пирӯзӣ қаҳрамонии пеш аз муҳлатро таъмин намуд.
Тавзеҳ дода шуд, ки дар мавсими имсолаи чемпионат дастаи "Панҷшер" хуб ҳунарнамоӣ намуда, тавонист, ки баъди пирӯзиҳо бар ҳарифон бо ба даст овардани 53 имтиёз пеш аз муҳлат мақоми аввали Лигаи якумро соҳиб шавад.
Маврид ба зикр аст, ки баъди чемпионӣ дастаи "Панҷшер" дар мавсими соли 2024 дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ роҳхат гирифт.
Беҳтаринҳои моҳ дар Лигаи якуми Тоҷикистон маълум шуданд
Пешравии "Панҷшер" дар ҳолест, ки ду тими шинохтаи Тоҷикистон дар соли оянда аллакай дар лигаи олӣ нахоҳанд буд.
Президенти ФФТ, Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо масъулин аз ҷумла аз тарки лигаи олӣ кардани "Регар-ТадАЗ" ва "Хатлон" нигаронӣ кард.
Ӯ зикр намудаст, ки замоне "Регар-ТадАЗ" рақиби асосии "Истиқлол" барои медалҳои тилло буд.
"Ҳоло яке аз бошгоҳҳои серҷоизатарини кишвар ба лигаи якуми Тоҷикистон меравад – ин барои роҳбарияти "Регар-ТадАЗ" ва "ТАЛКО" хеле бад ва баҳои паст аст", – гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин аз тими Бохтар низ чун дастаи дорои мактаби хуб хонд, ки ҳамакнун номуваффақ шудааст.