Дипломату низомиёни Русия ба камбизоатон дар Тоҷикистон кумак карданд

Дар як чорабинии хайрияявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати мардумӣ ба бархе аз сокинони камбизоати як қатор шаҳрҳои Тоҷикистон бастаҳо бо ашёи зарурӣ тақдим мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Шаҳрвандони камбизоати Тоҷикистон беш аз ҳазор бастаҳо бо маҳсулоту ашёи ниёзи аввалро мегиранд.
Дар ин бора зимни як чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати мардумии Русия иттилоъ дода шуд.
"Кумакҳо тамоми қаламрави ҷумҳурӣ - аз Чкаловск (ҳоло Бӯстони - идора.) ва Хуҷанд то Панҷакенту Кӯлоб ва Душанберо фаро мегирад, ки ин барои онҳо шодии бузург аст", - гуфт усқуфи Тоҷикистон, Павел.
Рӯҳонӣ таъкид кард, ки кормандони сафорати Русия, ҳамчунин намояндагони Россотрудничество ва низомиёни пойгоҳи низомии 201 ва воҳиди Нерӯҳои кайҳонӣ дар Норак дар ҷамъоварии кумак ба тоҷикистониёни ниёзманд ҳисса гузоштанд.
Поси хотира аз марзбонони қаҳрамони дидбонгоҳи сарҳадии 12
Намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Русия, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар ҷамъоварии маводи ниёзи шаҳрвандони камбизоат низ иштирок кардаанд.
Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои хайриявию ҷашнӣ оркестри ҳарбӣ ва гуруҳҳои эҷодии марказҳои маданияту маърифат ва муассисахои таълимии шаҳрхои гуногун барномаи ҳунарӣ пешниҳод кардаанд.
Қаблан сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев аз сулҳу ваҳдати байнимазҳабию динӣ дар кишвар тавсиф карда, онро пасманзари шиддати авзоъ дар бархе минтақаҳо беш аз пеш муҳим хонд.