Оверчук: Кишварҳои мустақил дар ҳамкорӣ бо ИИАО метавонанд рушд кунанд

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тамоми имкониятҳоро дорад, ки маркази ҷалби тамоми кишварҳои мустақил дар роҳи рушди босуръаташон гардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Кишварҳое, ки муносибатҳои дӯстона бо Русияро нигоҳ медоранд, якҷоя бо он рушд хоҳанд кард.
Ин нуктаро муовини раиси ҳукумати Русия, Алексей Оверчук дар ҳамоиши Анҷумани иқтисодии АвруОсиё баён дошт.
Вай афзоиши ММД-и кишварҳои "панҷгона"-и ИИАО дар соли 2022-ро қайд кард. Дар Қазоқистон 3,2%, дар Арманистон 12,6%, дар Қирғизистон 7%-ро ташкил дод.
"Иттиҳод тамоми имкониятҳоро дорад, ки маркази ҷалби тамоми кишварҳои мустақил гардад, ки мехоҳанд бо созмон ҳамкорӣ кунанд,", - гуфт ӯ ба нақл аз суханони президенти Русия.
ИИАО қасд надорад содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқро манъ кунад
Қаблан Оверчук изҳор дошта буд, ки ҳаҷми муомилоти мол дар доираи ИИАО соли равон метавонад аз 100 млрд доллар зиёд шавад.
"Динамикаи савдо дар кишварҳои ИИАО хеле хуб пеш рафта истодааст, ман ҳамеша дар ин бора мегӯям. Агар савдои дохили ИИАО гирем, ки чӣ гуна рушд карда истодааст ва тиҷорати кишварҳои ИИАО-ро бо ҷаҳони беруна муқоиса кунем, хеле равшан аст, ки савдо дар доираи созмон хеле тезтар рушд мекунад", - гуфта буд ӯ.
Соли гузашта гардиши мол ба сатҳи рекордии 84 млрд доллар расид ва афзоиши имсола низ хуб аст, афзуда буд ӯ.