Ошкор шудани нақшаҳо Зеленскийро ошуфта кардааст

Раҳбари Украина аз он нороҳат шудааст, ки нақшаҳояш дар мавриди сафар ба Исроил пеш аз муҳлат дастраси омма шудаанду барномаашро халалдор кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский ният дошт аз Исроил боздид кунад, аммо ҳоло Киев дар бораи тағйир додани нақшаҳо фикр мекунад.
Ин ба далели ифшои маълумот дар бораи сафари ӯ дар расонаҳо рух додааст, навиштааст нашрияи Times of Israel.
Ба иттилои манбаъ, ифшои маълумот дар бораи сафари Зеленский ба амнияти президент ва эътимод байни мақомоти ду кишвар ва ҳамчунин ба равобити Украина ва Исроил таъсири манфӣ расонд.
Чанд ҳафта пеш хабар дода шуд, ки Зеленский қасд дорад ба Исроил сафар кунад ва он ҳамчун нишони ҳамраъйӣ дар муборизаи ин кишвар алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза бозтобо ёфт.
Русия даҳҳо тони дигар кумаки башардӯстона ба Ғазза фиристод
Украина аз оғози ташдиди низоъ дар навори Ғазза аз Исроил пуштибонӣ карда, ҳамраъии комили худро бо мавзеъгирии Исроил баён кардааст.
Муноқишаи Фаластин ва Исроил бо манофеи ҳудудии тарафҳо алоқаманд буда, даҳсолаҳо боз манбаи ташаннуҷ ва ҷанг дар минтақа будааст.
Даргирии ахир аз он оғоз шуд, ки 7 октябр Ҳамос ба Исроил ҳамла кард. Дар посух мақомоти исроилӣ ба муҳосираи Ғазза оғоз карданд ва мардумро аз нерӯ ва ғизо маҳрум карданду минтақаро ҳадафи зарба қарор доданд.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар масоили ҳудудӣ ихтилоф доранд. Соли 1947 бо иштироки Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби СММ барои ташкили ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор шуд, вале фақат Исроил ташкил ёфт. Маскав яке аз роҳҳои ҳалли қазияро ташкили давлати мустақили Фаластин арзёбӣ мекунад.