ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи президенти Тоҷикистон мусобиқаи волейбол барои Ҷоми раиси ВМКБ оғоз гардид.
Ба иттилои мақомоти вилоятӣ, мусобиқа байни ҷавонон, занон ва мардони синни аз 40-сола боло сурат мегирад.
Таъкид шудаст, ки 30 даста аз муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, тандурустӣ, ниҳодҳои интизомию қудратӣ дар давоми як ҳафта барои ҷоизаи асосӣ зӯр меозмоянд.
Аз ин миён 12 даста занона, 18 даста мардона ва 10 дастаи калонсолон мебошанд, афзуд манбаъ.
Мусобиқа то 15 ноябр идома дошта, ғолибон 16 ноябр дар рӯзи Президент бо Ҷоми раиси вилоят, мукофоти пулӣ ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Ҳукумати ВМКБ афзуд, ки соҳаи варзиш дар минтақа ба таври бесобиқа рушд намуда, барои таҳсилу тамрини варзишгарон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Зикр гардид, ки дар шаҳри Хоруғ дар даҳ соли охир 13 майдон ва 2 толори калони варзишӣ бунёд гардида, бо тамоми лавозимоти варзишӣ таъмин шуданд.