ДУШАНБЕ, 4 ноя - Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо бо Киев имкони музокира бо Русияро баррасӣ доранд.
Дар ин бора шабакаи телевизионии NBC бо такя ба мақомоти расмӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, онҳо аз он мегӯянд, ки Киев ба хотири сулҳ чиро бояд қурбон кунад.
"Мақомҳои ИМА ва Аврупо <...> ба гуфтугӯ бо ҳукумати Украина дар бораи оқибатҳои эҳтимолии музокироти сулҳ бо Русия барои хатми ҷанг шурӯъ карданд. <...> Дар ин гуфтугӯҳо сухан сари тарҳҳои умумӣ дар бораи он, ки Украина метавонад барои расидан ба созиш аз чӣ чизе даст кашад, меравад", — омадааст дар матлаб.
Бархе аз ин баҳсҳо моҳи гузашта дар нишасти гурӯҳи тамос оид ба Украина сурат гирифта буд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии NBC, мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ аз он нигаронанд, ки низоъ, ба назари онҳо, ба бунбаст расидааст. Онҳо инчунин аз имкони расонидани кӯмаки минбаъда ба Киев боварӣ надоранд.
"Масъулони маъмурияти (президенти ИМА - ред.) Байден низ аз он нигаронанд, ки дар Украина нерӯҳо тамом мешавад, дар ҳоле ки Русия ба назар чунин менамояд, ки захираҳои бепоён дорад", - афзуд ин шабака.
Ҳамзамон, гузориш дар бораи мушкилоти Киев бо ҷалби кадрҳои низомӣ ва эътирозҳое, ки ҷомеа ба нақшаҳои сафарбаркунии ахир нишон дод, нақл мекунад.
Мақомот мегӯянд, Украина эҳтимол танҳо то охири сол вақт дорад, то баҳсҳо дар бораи музокироти сулҳ шадидтар шавад.
Мақомот бар ин назаранд, ки НАТО метавонад бидуни пайвастани Украина ба ин паймон ба унвони ангезае барои музокирот ба Киев баъзе кафолатҳои амниятӣ пешниҳод кунад.
Русия борҳо омодагии худро ба музокира изҳор доштааст, аммо мақомоти Киев дар сатҳи қонунгузорӣ ба ин музокирот мамнӯъият ҷорӣ кардаанд.
Кремл инчунин қайд кард, ки ҳоло барои гузаштани вазъ ба самти сулҳомез ҳеҷ гуна замина вуҷуд надорад, дар ҳоле ки ноил шудан ба ҳадафҳои амалиёти махсус барои Маскав авлавияти мутлақ боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи Владимир Путин, Русия ҳеҷ гоҳ аз муколама даст накашидааст, аммо ҷониби дигар бояд мустақиман дар бораи омодагии худ ба он бигӯяд.