ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бораи ҷорӣ кардани манъи содироти гӯшти мурғ ва тухмро баррасӣ намекунанд.
Дар ин бора директори департаменти сиёсати агросаноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Армен Арутюнян хабар дод.
"Мо то ҳол чунин маълумот надорем",- гуфт ӯ.
Мувофиқи изҳороти вай ба ТАСС, то кунун "чунин маълумот ба департаменти сиёсати аграрии Комиссияи иқтисодии Авруосиё ворид нашудааст".
Гуфта мешавад, ки ин масъала пас аз тасмими Русия дар бораи маҳдуд кардани содироти як қатор маҳсулот аз ин кишвар матраҳ шуд.
Ҳамин тариқ, қаблан Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия пешниҳод карда буд, ки аз 1 декабри соли 2023 то 31 майи соли 2024 содироти баъзе навъҳои гӯшти парранда муваққатан манъ карда шавад.
Қайд карда мешавад, ки ин маҳдудиятҳо ба маҳсулоте, ки ба кишварҳои ИИАО содир мешавад, дахл надоранд.