ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш гуфт, аз хабари ҳамлаи исроилиён ба корвони ёрии таъҷилӣ дар навори Ғазза дар ҳайрат афтодааст.
"Аз гузоришҳо дар бораи ҳамла ба корвони мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар Ғазза дар наздикии бемористони "Ал-Шифо" ба ваҳшат афтодам. Тасвирҳои ҷасадҳо дар кӯча дар беруни бемористон пошхӯрда дилтанговаранд",- гуфт ӯ.
Як рӯз пеш артиши Исроил (IDF) хабар дод, ки ба мошини ёрии таъҷилӣ, ки гӯё як ячейкаи Ҳамос истифода мекард, зарба зада, чанд ҷангҷӯи ҳаракатро куштааст.
Тавре хабарнигори РИА "Новости" бо такя ба як шоҳиди ҳодиса хабар дод, як ҳавопаймои бесарнишини исроилӣ ба маҷмааи бемористони "Ал-Шифо" ҳангоми рафтани чанд мошини ёрии таъҷилӣ ҳамла кард.
Ҳамзамон дабири кулл аз ҳамлаи Ҳамос ба Исроил, аз ҷумла куштор ва одамрабоиро ба ёд овард ва озодии фаврии гаравгононро тақозо кард.
Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки тақрибан як моҳ аст, ки мардуми осоишта дар Ғазза, аз ҷумла кӯдакон ва занон, дар муҳосира қарор гирифта, аз кумакҳо маҳруманд ва бо бонбандозӣ онҳоро маҷбур ба тарки хонаҳояшон мекунанд.
"Ин бояд хотима дода шавад",- гуфт Гутерриш.
Дабири кулл вазъи башарӣ дар навори Ғаззаро даҳшатнок номид. Вай қайд кард, ки ба анклав ба қадри кофӣ ғизо, об ва дору намерасад ва барои таъмини бемористонҳо ва иншооти обтозакунӣ бо нерӯи барқ сӯзишворӣ тамом мешавад.
Ёдовар мешавем, ки навори Ғазза аз авоили моҳи октябр ба таври муназзам мавриди ҳадафи тирандозӣ қарор гирифта, бар асари он одамон кушта ва зербиноҳо тахриб шудаанд.
Қазия аз он оғоз шуд, ки 7 октябр Ҳамос ба Исроил ҳамла кард. Дар посух мақомоти исроилӣ ба муҳосираи Ғазза оғоз карданд ва мардумро аз нерӯ ва ғизо маҳрум карданд.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар масоили ҳудудӣ ихтилоф доранд. Соли 1947 бо иштироки Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби СММ қарор барои ташкили ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор шуд, вале фақат Исроил ташкил ёфт. Маскав яке аз роҳҳои ҳалли қазияро ташкили давлати мустақили Фаластин арзёбӣ мекунад.