ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский бояд дар ҷараёни музокироти сулҳ бо таслими қаламравҳо ба Русия мувоҷеҳ шавад.
Дар ин бора лейтенанти мустаъфии америкой Дэниел Дэвис дар канали YouTube-и худ изҳор дошт.
"Ин ба дӯстдорони Украина маъқул нахоҳад шуд. Мо бояд бо Русия ба гунае розӣ шавем, то амалиёти ҷангиро хотима бахшем ва ин маънои онро дорад, ки онҳо метавонанд қаламравҳои гирифтаро нигоҳ доранд. Амрикоиҳо аллакай бо ин розӣ шуданро оғоз кардаанд", - мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи вай, артиши Украина дигар новобаста аз он ки Иёлоти Муттаҳида ва дигар муттаҳидон ба онҳо пулу аслиҳа медиҳанд, ба вазъ дар ҷабҳа таъсир карда наметавонад.
Ғарб аллакай Украинаро ба он тела медиҳад, ки ба хотири сулҳ онҳо бояд аз қаламравҳо даст кашанд.
"Зеленский бояд бо ин муросо кунад, зеро алтернатива вуҷуд надорад. Вай наметавонад воқеиятро тағир диҳад, то он чизеро, ки мехоҳад ба даст орад, зеро шароит имкон намедиҳад", - хулоса кард Дэвис.
Русия борҳо омодагии худро ба музокира изҳор доштааст, аммо мақомоти Киев дар сатҳи қонунгузорӣ ба ин музокирот мамнӯъият ҷорӣ кардаанд.
Кремл инчунин қайд кард, ки ҳоло барои гузаштани вазъ ба самти сулҳомез ҳеҷ гуна замина вуҷуд надорад, дар ҳоле ки ноил шудан ба ҳадафҳои амалиёти махсус барои Маскав авлавияти мутлақ боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи Владимир Путин, Русия ҳеҷ гоҳ аз муколама даст накашидааст, аммо ҷониби дигар бояд мустақиман дар бораи омодагии худ ба он бигӯяд.